Беш аз 570 ҳазор нафар аз Тоҷикистон сафар ба хориҷ кардааст
Душанбе, 2 август. (АМИТ. «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ беш аз 570 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар сафар кардааст, ки аз ин ҳисоб наздик ба 480 ҳазор нафарашро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил мекунаyд, гуфта шуд дар ҷамъбасти нимсолаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон.Бино ба гузориши мазкур, ин сафарҳо бо мақсади кор, тиҷорат, таҳсил, саёҳат, шахсӣ ва хизматӣ роҳандозӣ шуда ва ба Русия 514476, Қазоқистон 1659, Қирғизистон 4362, Украина 93, Ӯзбекистон 12362, Озарбойҷон 179, Афғонистон1620, Эрон 1891, Туркия 6477, Чин 9083, Олмон 750, Арабистон 8215, Кореяи ҷанубӣ 27, Ҳиндустон 15 ва дигар кишварҳо сафар намудаанд.Бино иттилои манбаъ, дар ин муддат аз хориҷи кишвар беш аз 298 ҳазор шаҳрвандон бозгаштаанд, ки аз инҳо мардҳо 239 ҳазор ва занҳо 59 ҳазор нафарро ташкил мекунанд ва аз ин ҳисоб беш аз 230 ҳазор нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






