Беш аз 700 сокини Душанбе аз “Ховарон” замин мегиранд
Душанбе, 20 август.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- 712 нафар сокини эҳтиёҷманди пойтахт дар маҳаллаи “Ховарон”, воқеъ дар шарқи Душанбе соҳиби қитъаи замин мегардад. Тақсимоти замин ба сокинон тибқи қуръапартоӣ 27 август ҷараён мегирад. Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ҳамчун фармоишгар лоиҳакашӣ ва сохтмони хатҳои муҳандисии беруна, роҳҳо, ирригатсия, обтаъминкунӣ, корезӣ, барқтаъминкунии қасабаҳои 14 ва 15-уми маҳаллаи “Ховарон” оғоз гардидааст. Ҳамзамон масъалаи ҷудо кардани ҳудуди 727 қитъаи замин ва нишонагузории он феълан тибқи дастури шаҳрдор аз ҷониби Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе идома дорад. Дар робита ба ин дар ҷаласаи сайёри шаҳрдорӣ, ки дар он масъулини сохторҳои марбутаи шаҳр ҳузур доштанд масъалаи ба сокинони эҳтиёҷманд додани қитъаи замин матраҳ гардид. Ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ дар масъалаи тақсими замин ва ҷилавгирӣ аз тақаллубкориҳо раиси шаҳри Душанбе ба масъулини сохторҳои шаҳрию ноҳиявии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки то 23 августи соли равон санҷиши дақиқи рӯйхатҳоро ба анҷом расонида, хулосаҳояшонро ба унвонии раиси шаҳр ироа созанд. Интизор меравад, ки ба 712 нафар сокини пойтахт дар масоҳати 3 садякӣ замин барои истифодаи бемуҳлат ҷиҳати сохтмони хонаҳои истиқоматии инфиродӣ дар доираи Нақшаи генералии тарҳрезишуда тақсим мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






