Боз як китоб барои кормандони соҳаи тиб
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).-Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ба муносибати рӯзи касбии кормандони тиб китоби «Солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар соли 2012»-ро ба чоп расонд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» директори Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ Сафар Сайфуддинов хабар дод, маълумоти омории солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустии солҳои 2011-2012, ки аз тарафи кормандони марказ таҳия гардидааст, ба мутахассисону роҳбарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, аз солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ огаҳӣ дошта бошанд ва нишондиҳандаҳои фаъолияти муассисаҳои зертобеи худро дар муқоиса бо муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои дигар арзёбӣ намоянд.Ҳангоми таҳияи маҷмӯа аз ҳисоботи солонаи Вазорати тандурустӣ, ҳисоботҳои омории соҳавию давлатии пешниҳоднамудаи марказҳои омор ва иттилооти тиббии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин аз маълумотҳои демографии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки нишондиҳандаҳои тандурустии ТУТ истифода шудааст.Дар маҷмӯа пешниҳодоти сармутахассисони ғайривоҳидии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудаанд.Хотиррасон мекунем, ки ин маҷмӯа бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо чоп гардидааст.Ҳамчунин Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди касбии кормандони тиб ва 1000-солагии оғози таълифи китоби рӯимизии табибон «Алқонун фит- тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино маҷмӯаи Паёми Академияи илмҳои тибби Тоҷикистонро аз чоп баровард. Ин китоб маҷмўи мақолаҳои олимону табибони тоҷикро дар бораи китоби «Алқонун фит- тиб»-и Ибни Сино дар бар мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






