Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Ихтирои нав дар Флорида Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар»).-Ҳукуматдорони штати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҷҳизоти наверо ихтироъ намуданд,ки тавассути он бар зидди ҳар гуна ҳашароти зараррасон мубориза мебаранд. Тавре ки мутахассисони соҳа мегӯянд, таҷҳизоти навро аз тариқи парвоз истифода мебаранд. Намуди зоҳирии ин таҷҳизот аслан ба ҳавопаймоҳои бесарнишине,ки низомиёни Канада дар Афғонистон истифода мебаранд, монанд аст. Гуфта мешавад, ки чунин тарзи мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон натиҷаи хуберо ба бор хоҳад овард. Карнавал дар Британияи КабирДушанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар»).-Меҳмонону сайёҳоне, ки ба пойтахти Британияи Кабир — шаҳри Лондон барои тамошои карнавал омада буданд, шоҳиди ҳодисаи ғайримуқаррарӣ гардиданд. Дар ҷараёни баргузории карнавал кормандони мақомоти полис ба эҳсосот дода шуда, дар ҳавои мусиқии карнавал ба рақсу бозӣ пардохта, таваҷҷуҳи анбуҳи одамонро ба худ кашиданд. Меҳмонону сайёҳон рақсу бозӣ ва дигар амалҳои шавқовари кормандони мақомоти полисро тавассути телефонҳои мобилӣ сабт намуда, дар сомонаҳои интернет интишор доданд. Тибқи маълумоти расида ин наворро дар муддати чанд рӯз беш аз 500 ҳазор муштарӣ тамошо намудааст. Фурӯравии бино дар Бразилия Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар яке аз шаҳрҳои бузургтарини Бразилия — Сан- Паулу бинои куҳна зери замин фурў рафт.Тибқи иттилои шабакаи интернетии «Би-Би-Си» дар натиҷаи ҳодиса 8 кас ба ҳалокат расида, чанд каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Тавре ки расонаҳои хабарии дохили кишвар мегӯянд, эҳтимол меравад, ки чандин нафари дигар дар зери харобаҳо дар мондаанд. Дар ҳамин ҳол дар мавзеи ҳодиса аз тарафи кормандони мақомоти қудратӣ корҳои бартарафкунӣ идома доранд. То ҳол сабаби фурўравии бино муайян карда нашудааст. Дар ин самт тафтишот идома дорад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






