Чаро ширкати туркӣ ба аҳдаш вафо накард?
Душанбе, 23 август.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати дарёфти беҳтарин лоиҳа ва интихоби пудратчии асосии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарки Душанбе» озмуни такрорӣ эълон менамояд. Озмун то 21 сентябри соли равон идома ёфта, дар он лоиҳакашон- шахсони воқеию ҳуқуқии ватанию хориҷии салоҳиятнок ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Озмун 25 сентябр ҷамъбаст мегардад. Бояд тазаккур дод, ки иншооти Аквапарки нотамом дар хамгашти хиёбони Исмоили Душанбе /собиқ Путовский/ бунёд мешавад. Ҳанӯз соли 2004 ширкати туркии «Эмек прожект Лимитед ширкати» дар озмун ғолиб баромада, мебоист ин иншоотро ба истифода медод. Аммо ин ширкати туркӣ ба аҳди худ вафо накард ва аз уҳдаи кор набаромад. Инчунин беш аз 2 миллион долларро, ки ҳукумати пойтахт барои сохтмони Аквапарк ба ин ширкати туркӣ дода буд, барнагардонд ва сохтмони ин иншот то ҳанӯз нотамом боқӣ мондааст.11.25.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






