Чкалов – рамзи дӯстии халқҳои Русия ва Тоҷикистон
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). – Дар ҳошияи чорабиниҳои ботантана таҳти унвони «Болҳои Русия» бахшида ба Рӯзи флоти ҳавоии Русия 18 август дар шаҳри Чкаловски вилояти Нижний Новгороди Федератсияи Русия иди байнимиллии «Валерий Чкалов — рамзи дӯстии халқҳои Русия ва Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо ибтикори маъмурияти шаҳри Чкаловск, созмони ҷамъиятии «Конгресси халқҳои форсизабон», Пажӯҳишгоҳи демография, муҳоҷират ва рушди минтақавии назди мухторияти фарҳанги миллии тоҷикони шаҳри Нижний Новгород роҳандозӣ мешавад. Дар ҳошияи ид доир намудани намоишгоҳи муштараки маҳсулоти косибони шаҳри Чкаловск ва давлатҳои форсизабон аз қабили Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Иристони Ҷанубӣ дар назар аст.Тавре ки раиси созмони минтақавии ҷамъияти «Конгресси халқҳои форсизабон» — и Нижний Новгород Эраҷ Боев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷараёни ин чорабинӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Дурнамои муносибатҳои байни Русия ва Тоҷикистон дар сатҳи минтақа» баргузор гардида, дар он масоили рушди равобити ҳар ду кишвар мавриди муҳокима қарор мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






