Чорабинии оммавии зиддимухаддиротӣ дар ВМКБ
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 3 то 5 августи соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ишкошим ва маҳаллаи «Тем»-и шаҳри Хоруғ бо иштироки доираи васеи аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ чорабинии оммавию фарҳангӣ ва таблиғотии зиддинашъамандӣ баргузор гардид.Тавре ки аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар чорабинӣ кормандони агентӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шаҳри Хоруғ, мутахассисони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, инчунин ҳунармандони маъруф ва варзишгарони номии ҷумҳурӣ ба ҳозирин барномаи пурғановати фарҳангӣ, таблиғотӣ ва варзишӣ пешниҳод карданд. Ҳамзамон барои иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳои зиддинашъамандӣ тақсим карда шуд. Иинчунин идомаи чорабинии мазкур дар ҳудуди бозорҳои байналмилалии «Ишкошим»-и ноҳияи Ишкошим ва «Тем»-и шаҳри Хоруғ, ки барои хариду фурӯши маҳсулоти мавриди талаботу ниёзи аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истифода мешавад, доир гардид. Бояд гуфт, ки дар байни иштирокчиёни чорабинии мазкур, аз ҷумла намояндагони мақомоти сарҳадӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, соҳибкорони инфиродӣ ва аҳолии маҳаллӣ корҳои таблиғотӣ гузаронида шуданд. Ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳои таблиғотии бо забонҳои тоҷикӣ ва дарӣ таҳияшуда, ки дар бораи оқибатҳои нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, пешгирии нашъамандӣ маълумоти муфассал доштанд, дода шуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






