Дар Душанбе қонунгузории андоз матраҳ мегардад
Душанбе, 14 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Қонунгузории андоз: инкишоф ва проблемаҳои он», таҳти чунин унвон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳаи сеюми моҳи август дар Душанбе нишаст баргузор менамояд. Интизор меравад, ки дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, мутахассисони соҳа ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба қонунгузории андозро матраҳ созанд. Хусусан масоили марбут ба рушди қонунгузории андоз, мушкилоти андозбандии соҳибкорони хурду миёна, таносуби Кодекси андоз бо қонунгузории амалкунанда ва соири масоил баррасӣ хоҳад гашт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






