Дархости шаҳрвандон аз вазири меҳнат
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар ҷараёни сафари кории вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Маҳмадаминов ва ҳамроҳонаш ба навоҳии шарқи ҷумҳурӣ ҳайати корӣ дар ифтитоҳи филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияҳои Файзобод, намояндагии МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Нуробод, таълимгоҳи КВД “Маркази касбомўзию соҳибкорӣ” дар ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Тавилдара ва филиали КВД “Маркази касбомўзию соҳибкорӣ” дар ноҳияи Тавилдара иштирок намуда, бо шароит ва ҷараёни касбомўзӣ аз наздик шинос гардид. Ҳамзамон зимни сафар дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки шаҳрвандон ба арзу дархостҳои худ ҷавобҳои қаноатманд гирифта, М.Маҳмадаминов ба роҳбарони сохторҳои системаи вазорат ва шахсони масъул вобаста ба самтҳои марбут ба салоҳият супоришҳои мушаххас дода, ҳозиринро баҳри пешбурди сиёсати созандагӣ ва бунёдкорӣ даъват намуд. Инчунин М. Маҳмадаминов бо раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои системаи вазорат ва зерсохторҳои вазорат дар водии Рашт маҷлиси машваратӣ доир намуда, татбиқи механизми нави Лоиҳаи “Кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ” дар водии Раштро муаррифӣ кард.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






