Дастгирии табодули таҷриба
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш намояндагони созмонҳои хоҷагии оби кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои муҳокима ва мубодилаи таҷриба дар амри идораи дарёҳои наздисарҳадӣ мулоқот анҷом доданд. Ин чорабинӣ дар ҳошияи семинаре сурат гирифт, ки онро лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Дастгирии созмонҳои хоҷагии об ва дарёҳои Осиёи Марказӣ» созмон дода буд.Тавре ки аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, мутахассисони назорати оби ҳавзаҳои оби Аралу Сирдарё, комиссияҳои хоҷагии оби Чу ва Талас, ташкилотҳои маҳаллии ҳавзаи дарёи Исфара ва ҳамчунин ҳавзаи оби Мурғоб дар ҷараёни семинар аз дастоварду проблемаҳояшон нақл карданд. 20 август дар Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба масоили ҳамкорӣ дар бахши истифодаи об натиҷаи семинар мавриди баррасӣ қарор гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






