Дуздӣ дар мағоза
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи ноҳияи И.Сомонӣ шаҳрванд Меҳрибону Ҳалимова, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 15 августи 2013 шахси номаълум аз тариқи тиреза вориди мағозааш, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт шуда, аз он ҷо 10 000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса гурехтааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия бо гумони даст доштан дар ин дуздӣ шаҳрванд Фарҳод Калонов, соли таваллудаш 1985, сокини Душанберо, ки пештар бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, дастгир намуданд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






