Фавти ҷавони 27-сола дар муноқиша
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дар натиҷаи муноқиша як ҷавони 27-сола ҷони худро аз даст дод.Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додаст, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан ба одамкушӣ шаҳрванд Ҳомид Нусратов, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи Навободи ноҳияи Панҷ дастгир карда шуд. Номбурда 21 августи соли ҷорӣ дар ҳудуди деҳаашон бо шаҳрванд Меҳрдоди Муҳаммад, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи мазкур вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синаи охирон мезанад. Дар натиҷа Меҳрдоди 27-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интақол намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






