Форум дар мавзӯи ҳифзи кӯдакони Осиёи Марказӣ
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Соли 2015 дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд Форуми панҷум аз рӯи масоили ҳифзи кӯдакони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷараёни ҷаласаи Форуми чаҳорум, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар ин маврид тасмим гирифтанд. Дар ин бора мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, муовини раиси комиссияи оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки назди Ҳукумати Тоҷикистон Дилором Мирсаидова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи суханони Дилором Мирсаидова, алҳол мавзӯи Форуми оянда муайян шудааст, ки он ба номи «Хидматрасонии иҷтимоӣ ба кӯдакон ва такмили кори бахши иҷтимоиёт» ёд мешавад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






