Форуми тоҷирон
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ҳошияи Форуми тоҷирони Тоҷикистону Шоҳигарии Таиланд, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ А.Карамалиев бо раиси Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Таиланд Исари Вонгкулсолкит сурат гирифт. Ҷонибҳо масоили ҳамкории байни палатаҳо хусусан дар амри ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳо, сафари аҳли тиҷорат ба кишварҳои якдигар ва табодули иттилоотро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин дар мавриди бастани Созишномаи ҳамкории палатаҳои савдо ва саноати ҳар ду кишвар мувофиқа шуд.Дар ин бора аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, худи ҳамон рӯз мулоқоти А.Карамалиев бо раиси Донишгоҳи Палатаи савдо ва саноати Таиланд, доктори илми фалсафа, профессор Саувани Тайрунгроч баргузор гардид. А.Карамалиев аз мақому фаъолияти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва вазифаҳои он нақл кард.Саувани Тайрунгроч дар навбати худ аз фаъолияти донишгоҳ ва имконоти ҳамкорӣ дар амри тарбияи кадрҳо нақл кард. Дар хотима А.Карамалиев ба меҳмонон пешниҳод намуд, ки дар намоишгоҳҳои ҳарсолаи байналмилалии бахши маориф, ки дар Тоҷикистон доир мешаванд, иштирок кунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






