Гузориш дар мавзӯи «Таърихи синамои Русия»
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ). – 27 август дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи синамои Русия ҳамоиш баргузор гардид.Тавре ки аз Намояндагии Маркази ҳамкории Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, муаллими калони кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Саноат Азизова дар мавзӯи «Таърихи синамои Русия» гузориш дод. Саноат Азизова дар бораи таърихи кинематографияи шӯравӣ ва ба навор гирифтани аввалин филми беовози шӯравӣ дар бораи қаҳрамони халқии рус Степан Разин нақл кард.Дар анҷоми ҷамомад филми коргардон Эмил Лотяну «Ваҳшии нозуку зебои ман» намоиш дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






