Харидории беш аз 2 000 компютер барои дабистонҳои пойтахт
Душанбе, 2 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки бо гузаронидани тендери такрорӣ барои дабистонҳои пойтахт 2 ҳазору 200 адад компютер харидорӣ намояд. Ин тадбир дар партави амалӣ намудани «Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015» андешида шудааст. Бояд зикр кард, ки қаблан дар моҳи апрел шаҳрдории Душанбе барои харидории компютерҳо тендер эълон намуд, ки он ба шароит ва талабот ҷавобгӯ набуд, аз ин рӯ он аз ҷониби воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бекор карда шуд. Мавриди ёдоварист, ки дар тендери нав маҳдудият барои довталабоне, ки компютер истеҳсол менамоянд, вуҷуд надорад. Инчунин Комиссияи тендерӣ аз ҷониби воҳиди хариди шаҳрдорӣ дар ҳайати замимагардида созмон дода шуда, тибқи қонунгузории кишвар баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун аз тариқи иштироки номаҳдуди довталабон таъмин мегардад.10.36.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






