Хизматрасонии хуби бонкӣ дар Шӯрообод
Шӯрообод, 13 август. (АМИТ «Ховар»,С. Холов).- Филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-и ноҳияи Шӯрообод аз рӯи якчанд намуди қарзҳо ба мизоҷон хизмат расонида, марказҳои хизматрасонии бонкии худро дар ду ҷамоати дурдаст- Саричашма ва Даштиҷум роҳандозӣ намуд. Бинобар иттилои директори филиал Қиматшо Содиқов филиали мазкур дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои интиқолии шаҳрвандон ба маблағи 83 ҳазору 947 сомонӣ хизмат расонид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,43 % зиёд мебошад. Дигар хизматрасоние, ки дар вақтҳои охир байни мардум дархости зиёд дорад, ин хизматрасонӣ тавассути кортҳои пластикӣ ва таъмини пули нақд тавассути банкоматҳо мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






