«Хуаксин-Ғаюр-семент» ба истифода дода шуд
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрӯз аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон ҶДММ «Хуаксин-Ғаюр-семент» мавриди истифода қарор гирифт.ҶДММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон бо ширкати хитоии «Хуаксин Сетрал Эйша Инвестмент» ҶДММ «Хуаксин-Ғаюр-семент» -ро таъсис дода, сохтмони заводи мазкурро дар ноҳияи Ёвон бо маблағи 100 млн доллари амрикоӣ моҳи сентябри соли 2011 оғоз намуд. Иқтидори солонаи завод истеҳсоли 1 млн. тонна сементро дар як сол бо фарогирии 1000 ҷои корӣ ташкил медиҳад.Дар маросими кушоиши корхона вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ иштирок намуд.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






