Иқдоми «Роҳи сӯйи мактаб»
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд роҳандозии иқдоми «Роҳи сӯйи мактаб» — ро, ки бо ибтикори Кумитаи марказии ҳизб амалӣ мегардад, дастгирӣ намуд.Дар робита бо ин дар бинои ҲХДТ ҷаласа баргузор гардида, дар он масоили марбут ба ин иқдом мавриди муҳокима қарор гирифтанд. То охири ҳафтаи ҷорӣ теъдоди кӯдаконе, ки ба онҳо дасти ёрӣ дароз карда мешавад, маълум мегардад.Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳошияи ин иқдом ба фарзандони оилаҳои камбизоат, ҳамчунин ятимон ва кӯдакони маъюб ашёҳои мактабӣ тақдим мешавад.Хотирнишон месозем, ки алҳол дар вилояти Суғд шумораи аъзои ҲХДТ беш аз 62 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






