Ифтитоҳи филиали Tcell дар Кӯлоб
Кӯлоб, 2 август. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов).- Дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ширкати Tcell барои хизматрасонии хуби мобилӣ зиёда аз 1 млн. сомонӣ сарф гардид ва бинои филиали марказӣ дар шаҳри Кӯлоб ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум қисмати хизматрасонии чакана ва корпораторӣ ва дар ошёнаи дуюм утоқи кории кормандони филиал ҷойгир аст. Дар филиали мазкур зиёда аз 20 нафар шаҳрванд бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, маоши миёнаи онҳо дар як моҳ аз 450 то 600 сомониро ташкил медиҳад. Дар минтақаи Кӯлоб ҷамъи умумии мизочони ширкат 90 ҳазорро ташкил медиҳад. Филиал ният дорад, ки минбаъд хизматрасонии худро ба мизоҷон хубтар ба роҳ монад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






