Ифтитоҳи гӯшаи ЮНЕСКО дар Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Шоми 21 августи соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи ЮНЕСКО расман ифтитоҳ гардид. Дар кушодашавии гӯшаи мазкур шахсан мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова иштирок намуд. Ҳадаф аз ифтитоҳи гӯша шиносоӣ бо фаъолияти ҳамарӯзаи ин ташкилоти бонуфуз, ошноӣ бо мероси қадимаи таърихӣ, ёдгориҳои ҳар як миллату халқиятҳои ҷаҳон мебошад. Дар гӯшаи илму фарҳанг нигора, либосҳои қадимаи халқи тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд. Зимни суханронӣ Ирина Бокова гуфт: «Ман шод аз онам, ки меҳмонону намояндагоне, ки ин ҷо ташриф овардаанд ва бо ҳамроҳии мо ин гӯшаро боз карданд. Ин сафари нахустини ман ба Тоҷикистон мебошад, бояд гӯям, ки имсол 20 сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмони ЮНЕСКО аъзо шудааст. Бояд гуфт, ки созмони ЮНЕСКО дар тамоми ҷаҳон барои таъмини солимии ҷомеа нақши калидиро мебозад. Инчунин Ирина Бокова зикр намуд, ки ман аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик бархурдорам, аммо он чизе, ки ман имрӯз дар намоишгоҳ дидам, маро тасхир намуд».Ирина Бокова инчунин аз гӯшаи санъати тасвирӣ ва аккосӣ дидан намуд.Дар фарҷоми барнома бо ширкати дастаи «Шашмақомхонон» намунаҳо аз сурудҳои мусиқии классикӣ садо доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






