Ифтитоҳи коргоҳи заргарӣ дар Шугнов
Ховалинг, 31 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Бо назардошти истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинг роҳбарияти корхонаи заршӯии «Одина»-и ин мавзеъ бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат сохтмони як коргоҳи заргариро ба уҳда гирифта буданд, ки инак он ба кор дароварда шуда, бо беҳтарин ва муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ таъмин гардид. Ҳоло 6 нафар коргар дар ин коргоҳ ба кор оғоз карда ва дар ин ҷо ҳашт намуд маҳсулот истеҳсол мешавад.. Рӯзҳои наздик дар назди коргоҳ курсхои омӯзишӣ кушода шуда, 24 нафар сокинонро ба касбомӯзӣ қабул менамоянд. Инчунин дар ноҳия дар рӯзҳои наздик чор коргоҳи саноатӣ ба фаъолият шуруъ менамояд, ки 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






