Ифтитоҳи як зумра иншооти нав дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ифтитоҳи як зумра иншооти нав иштирок намуда, бо рафти корҳои дигари созандагию ободонӣ бевосита шинос шуд.Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар маросими ба наздики 800 оилаи ниёзманд додани қитъаи замин барои сохтмони хонаи шахсӣ иштирок намуд.Тавре зикр гардид, барои омодасозии инфрасохтори зарурии ин маҳалла, аз ҷумла кашидани хатҳои барқ, шабакаҳои обрасонӣ, бунёди зеристгоҳи барқӣ, роҳсозӣ ва ободонии атрофи ин минтақа дар давоми солҳои 2007-2013 аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ ба маблағи 41 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд.Ғайр аз ин, давоми соли равон барои ободониву бунёди шабакаҳои инфрасохтори мавзеи зикршуда аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе қариб 70 миллион сомонӣ сарф карда мешавад.Чунонки иттилоъ доданд, тибқи нақшаи генералии маҳаллаи Ховарон солҳои наздик дар ин ҷо як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла чор мактаби нав бо тамоми шароити муосир, боғчаҳои кӯдакона, биноҳои маъмуриву маишӣ, ошхонаву марказҳои тиҷоратӣ, дармонгоҳ ва монанди инҳо сохта мешавад. Дар ин минтақа зиёда аз 60 ҳазор нафар аҳолӣ аз чор ноҳияи пойтахт ҷойгир карда мешавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






