Иштироки ҳайати БРО дар конфронси Душанбе
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Ҳайати Бонки рушди Осиё (БРО) дар Конфронси байналмилалии намояндагони олимақом аз рӯи ҳамкории дар бахши об, ки бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид 20 — 22 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок менамояд.Конфронси мазкур ба беҳдошти ҳамкории байналмилалӣ дар бахши об бо роҳандозии сиёсати муваффақона, таҷрибаи пешқадам ва иштироки аҳли васеи ҷамъият кӯмак намуда, ҳамчунин имконияти зудтар расидан ба мақсадҳои рушди ҳазорсола ва тарҳрезии мақсадҳои рушди устувори марбут ба об дар давраи баъди соли 2015 мусоидат хоҳад намуд.Қобили зикр аст, ки мақсад аз сиёсати Бонки рушди Осиё «Об барои ҳама» иборат аз беҳдошти идораи захираҳои об барои рушди устувори иқтисодӣ ва ҷалби ҳамаи ҷонибҳо ба ҳифзу идораи захираҳои об мебошад. Алҳол Бонки рушди Осиё ҳар сол дар шаҳру деҳот ва ҳавзаи дарёҳо барои татбиқи лоиҳаҳои бахши об баробари қариб 2 миллиард доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд.Дар ин бора аз Намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






