Истиқбол аз Конфронси байналмилалии об
Душанбе, 7 август. ( АМИТ «Ховар» Назир Назиров). -Ҷиҳати иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани чорабиниҳо дар доираи «Соли 2013-соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об»» ҳамаи муассисаҳои дастгоҳи марказӣ ва дигар ташкилотҳои тобеи он мутобиқ ба таҳияву тасдиқи нақшаи чорабиниҳо дар ин самт фаъолияти хешро ҷоннок намуданд. Тибқи маълумотҳое, ки то арафаи баргузории Конфронси мазкур ирсоли Кумита шудаанд, шаҳодат медиҳанд, ки вобаста ба беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нўшокии босифат, таъмири шабакаҳои обу коррезӣ, нигоҳ доштани минтақаҳои обӣ дар ҳолати мусоид ва арзандаи экологӣ корҳои назаррас иҷро гардидаанд. Бояд зикр намуд, ки аксияи «Тозагии соҳил», ки ҳар сол дар қаламрави ҷумҳуриямон мунтазам гузаронида мешавад, сол то сол хусусияти оммавӣ касб намуда, аз тарафи сокинон бо масъулиятшиносии зиёд истиқбол мегардад. Ин раванд аз амалҳои неки инсонӣ маҳсуб ёфта, шаҳодатдиҳандаи бараълои муносибати ғамхоронаи сокинони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ нисбат ба сарватҳои обӣ мебошад. Рисолати муҳиме, ки кумита онро бар дўш дорад, ин назорат аз болои объектҳо ва фаъолияти субъектҳои марбут ба масоили ҳифзи муҳити зист мебошад. Ин рисолат пеш аз ҳама барои риояи дурусти қоидаҳои маъмулии истифодаи табиат ва сарватҳои табиӣ, минҷумла манбаъҳои обӣ созгор мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






