Ивазкунии кортҳои нафақавӣ ба «Корти миллӣ»

Август 13, 2013 09:41

Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар»).- 12 августи соли 2013 бо мақсади ба ҳисоб гирифтани (инвентаризатсия) асноди нафақавии нафақагирон аз тариқи кортҳои бонкӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди якҷоя бо иштироки роҳбарият ва сохторҳои системаи вазорат ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷиҳати иваз намудани кортҳои бонкии нафақавӣ ба низоми пардохти миллӣ- «Корти миллӣ» доир гардид. Механизми иваз намудани кортҳои қаблӣ ба кортҳои нави миллӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз 1 августи соли равон шуруъ гардида, низоми мазкур давра ба давра то 25 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ амалӣ хоҳад гашт.Аҳамияти гузариш ба низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» бартариятҳои зеринро дорост:-интишор ва фардикунонии кортҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ; -истифодаи васеи шабакаи терминалӣ дар миқёси ҷумҳурӣ;-ривоҷи пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои миллӣ дар ҳама сатҳҳои иқтисодию иҷтимоӣ мувофиқ ба муқаррароти меъёрии дохилиҷумҳуриявӣ ва хусусиятҳои талаботи бозори дохилӣ. -маълумот оид ба мизоҷон ва гардиши маблағҳои пулии аҳолӣ дар дохили мамлакат коркард ва нигоҳ дошта шуда, хафвҳои амалиётии беруна истисно мешаванд.Ба ҳолати 12 августи соли равон беш аз 15 % кортҳои пардохтӣ ба нафақагирони шаҳри Душанбе дастрас гардидаанд. Бояд ёдовар шуд, ки ивази корт ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, бақияи суратҳисобҳо бемонеа ба кортҳои нав интиқол дода мешаванд.

Август 13, 2013 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад