Изҳороти Абдуллатиф ал-Усмон пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигариии Арабистони Саудӣ Абдуллатиф ал-Усмон нимаи дуюми рӯзи 27-уми август пас аз мулоқоташ бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони ВАО чунин изҳорот дод:«Шарафмандам, ки имрӯз бо Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон дидор намудам. Ман салом ва паёми самимии Шоҳи мамлакати Арабистони Саудӣ Ходими ҳарамайни шарафайнро ба Ҷаноби Олӣ расонидам ва таъкид намудам, ки ҷониби Арабистони Саудӣ ҳамеша хостори густариши ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон аст. Роҳбарияти олии Тоҷикистон ва мамлакати Арабистони Саудӣ ба густариши равобити дуҷониба бо назардошти муштаракоти таърихиву фарҳангии ду кишвари дӯст таваҷҷуҳи хосса доранд. Яке аз самтҳои асосии ҳамкории миёни кишварҳоямон метавонад сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя бошад, ки ин омил дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар ду кишвар нақши мусбат хоҳад гузошт. Заминаҳои мусоиде, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар Тоҷикистон мавҷуд аст, моро дучанд ҳавасманд менамояд, то ҳар чӣ бештар равобити хубу ҳасанаро бо ин кишвар равнақ бахшем. Аснои суҳбат Ҷаноби Олӣ таваҷҷуҳи моро ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок ҷалб намуд. Ман пешниҳодоти Ҷаноби Олиро ба масъулини дахлдор ва сармоягузорони мамлакати Арабистони Саудӣ хоҳам расонд, то ин дар оянда дар самти тавсеаи равобити дӯстонаи ду кишвар таъсиргузор бошад. Тоҷикистон ва халқи тоҷик барои мамлакати Арабистони Саудӣ дорои мақоми хоссае аст ва боиси ифтихори мо аст, ки аввалин сафоратхона миёни кишварҳои арабӣ ин сафорати Арабистони Саудӣ буд, ки дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. Мо хеле шод ҳастем, ки Бунёди Саудии Рушд барои татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон мусоидати фаъол дорад. Ин бунёд дар давоми солҳои охир дар Тоҷикистон 7 лоиҳаро ба маблағи умумии тақрибан 60 миллион доллар амалӣ гардонид. Имрӯз мо санади дигареро ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ба маблағи 25 миллион доллар ба имзо хоҳем расонд. Ҳамчунин умедворем, ки ҷаласаи минбаъдаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар кишвари мо баргузор хоҳад гардид, то мо тавонем бо пешниҳодоти мушаххас самтҳои афзалиятнок ва дорои дурнамои муфид барои ҳарду кишварро муайян созем. Бояд гуфт, ки ташкили бизнес-форумҳо дар ҳарду кишвар дар самти рушди равобити иқтисодии кишварҳоямон нақши назаррас хоҳад дошт».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






