Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Мутобиқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 20 ва 21 август дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳои олимақом Конфронси байналмилалӣ аз рӯи масъалаи ҳамкорӣ дар бахши истифодаи об баргузор мегардад.Мақсади асосии конфронс иборат аз мусоидат ба беҳдошти ҳамкорӣ дар бахши истифодаи об бо усули тарғиби таҷрибаи беҳтарин, интишори технологияҳои бехатари экологӣ, таъмини иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар ин амр ва ғайра мебошад. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи конфронс дар назар аст. Алҳол қариб 70 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид иштироки худро дар ин конфронс тасдиқ намудаанд. Теъдоди иштироккунандагони конфронс беш аз 900 нафарро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






