Кормандони тиб иди касбиашонро ҷашн гирифтанд
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -17 августи соли 2013 бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва Иттифоқҳои касабаи кормандони тибби Тоҷикистон бахшида ба рӯзи кормандони тиб ва зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино як силсила чорабиниҳо доир гардиданд. Дар ин рӯз дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар ҷамъомад вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов, мудири шуъбаи тандурустӣ оид ба масъалаҳои занон ва оилаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, президенти Академияи илмҳои тиб Нусратулло Файзуллоев, директори Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология Ғиёсиддин Мироҷев, директори Институти синошиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Нуралиев суханронӣ намуданд. Вазири тандустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов дар суханронии худ кормандони соҳаро бо иди касбиашон муборакбод намуд. Дар ҷамъомад ба табибоне, ки барои дастовардҳои назаррас дар фаъолияти меҳнатӣ ба гирифтани унвони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва Иттифоқҳои касабаи кормандони тибби Тоҷикистон мушарраф гардида буданд, нишон, шаҳодатнома ва ифтихорномаҳо супорида шуд. Хотиррасон мекунем, ки имсол зиёда аз 250 нафар корманди ин соҳа ба гирифтани унвони «Аълочии тандурустӣ» ноил гашта, ба зиёда аз 150 нафари дигар Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ супорида шуд. Дар ин рӯз ҳамчунин ба ғолибони мусобиқаи волейбол байни занон ва мардон барои дарёфти Ҷоми Вазорати тандурустӣ ва ба муносибати иди касбии кормандони тиб гузаронида шуд, мукофотҳо супориданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






