Корвони тандурустӣ дар Шӯрообод- Шохон
Шӯрообод, 31 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Кормандони соҳаи тандурустии минтақаи Кӯлоб бо мақсади расонидани кӯмаки ройгони тиббӣ аз тариқи корвони саломатӣ дар давоми ду рӯз сохтмончиёни қитъаи роҳи Шӯрообод- Шоҳонро аз ташхис гузарониданд. Барои муоинаи роҳсозон беҳтарин мутахассисон сафарбар карда шуданд. Дар ин қитъаи роҳ 200 нафар сокинони маҳаллӣ ва 50 нафар шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунанд. Хусусан сохтмончиён аз давлати Туркия барои ба тарзи ройгон аз ташхису муоина гузаронидани шаҳрвандони хориҷӣ изҳори миннатдорӣ карданд.Мавриди зикр аст, ки корвони тандурустӣ дар баробари роҳсозон ташхиси ройгони сокинони якчанд деҳаи ҷамоати деҳоти Даштиҷум ва Ёлро низ анҷом дод. Гуфта мешавад мувофиқи нақша корвони саломатӣ моҳи сентябр ба ҷамоати деҳоти Сарихосор низ сафарбар мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






