Кўмаки инсондўстона дар моҳи рамазон
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирўз, дар арафаи Иди саиди Фитр аз тарафи роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Литсей-интернати касбии махсуси маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмаки хайриявӣ, аз қабили маводи ғизоӣ, орд, равған, шакар, макарон, сабзавот расонида шуд.Тавре ки аз хадамоти мазкур иттилоъ доданд, чунин амали неку савоб аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ба таври доимӣ сурат мегирад. Дастгирии моддӣ ва кўмак ба эҳтиёҷмандон ва маъюбон дар кишвар ба ҳукми анъанаи нек даромада, боиси хурсандӣ ва хушҳолии табақаи эҳтиёҷманд мегардад. Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ин гуна амалҳои некро идома хоҳад дод, зикр намуд манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






