Мақсад-омӯзонидани касбҳои зарурӣ
Восеъ, 26 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Қабули довталабон дар Литсейи касбию техникии № 16 ноҳияи Восеъ идома дошта, дар айни ҳол он 74 %-и нақшаи қабулро ташкил медиҳад. Ба иттилои директори литсей Абдуғаффор Одинаев мувофиқи нақша 210 нафар довталаб дар литсей аз рӯи касбҳои тракторчӣ- мошинчии истеҳсоли кишоварзӣ, мутахассиси кор бо компютер, дӯзандагӣ ,занбӯрпарварӣ ва дигар касбҳои лозимӣ қабул шуда, дар айни ҳол шумораи онҳо ба 146 нафар расидааст.Дар назар аст то охири моҳи август нақшаи қабул ба итмом расад. Манбаъ афзуд, ки бо маблағгузории Вазорати маориф таъмири хобгоҳ барои 90 нафар, майдончаи варзишӣ, таъмири бинои маъмурӣ, таъмири синфхонаҳои компютерӣ ва дигар корҳои таъмирии дохили бино ба итмом расид, ки маблағи умумии он 80 000 сомонӣ мебошад. Соли сипаригардида литсейро 174 нафар хатм карда, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ гардиданд,ки аз ин шумора 26 нафараш ба мактабҳои олӣ ва 23 нафар ба коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ дохил шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






