Машқи дастаи мунтахаби ҷавонон дар Норак
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар»). – Назар ба хабари Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар ҳошияи тайёрӣ ба сабқати интихобии мусобиқоти Осиё дар гурӯҳи «Д» дар шаҳри Норак машқ мекунад.Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар Салоҳиддин Ғафуров 27 нафар бозингаронро барои иштирок дар ин мусобиқот даъват намудааст.Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавон пеш аз оғози мусобиқоти Осиё 27 август бо дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва 31 август бо дастаи клуби «Истиқлол» қувваозмоӣ мекунад. Хотирнишон месозем, ки дар сабқати интихобии мусобиқоти Осиё байни дастаҳои мунтахаби ҷавонон дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «Д» қувваозмоӣ намуда, аз 8 то 12 октябр дар варзишгоҳи «Шаҳид Баҳонар» — и шаҳри Кирмоншоҳи Эрон бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Арабистони Саудӣ ва Лубнон вомехӯрад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






