Машварати корӣ дар ҳузури Сарвазир

Август 6, 2013 10:54

Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оид ба вусъати сохтмони Маркази барқу гармидиҳии 2 дар шаҳри Душанбе машварати корӣ баргузор шуд. Тавре ки таъкид шуд, сохтмони ин иншооти зарурӣ дар айни замон мувофиқи нақша идома дошта, қарор аст навбати аввали он бо иқтидори 50 мегаватт тирамоҳи соли равон ба кор андохта шавад.Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулони соҳаро вазифадор кард, ки барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ тадбирҳои аввалиндараҷа андешида, корҳои омодагиро барои сохтмони нуқтаҳои гармидиҳӣ, хаттҳои интиқоли гармӣ, зеристгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасони марказу барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе вусъат бахшанд. Дар машварат ҳамзамон масоили таъмин ва захираи ангиштсанг дар Маркази барқу гармидиҳии 2 ва дегхонаҳои шарқию ғарбии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Август 6, 2013 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд