Мавқеи ягонаи Қирғизистон бо Тоҷикистон дар масоили об
Душпнбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Тавре ки сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев имрӯз пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, зимни ин мулоқот як силсила масоили марбут ба ҳамкориҳои мутақобилаи байни ду кишвар ва дурнамои рушди он мавриди таҳлил ва муҳокимаи ду ҷониб сурат гирифтааст. Сарвазири Қирғизистон гуфт: «Мо дар баробари баррасии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, инчунин дигар самтҳои равобити дуҷонибаро бо ҳусни тафоҳум муҳокима намудем ва умед аст, ки ҳамкориҳои босамари миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд низ ба нафъи ҳар ду кишвар рушду густариш ёбанд». Жанторо Сотиболдиев бо ёдоварӣ аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе иброз намуд, ки Қирғизистон ҳамеша дар масоили ҳамкорӣ дар соҳаи об, махсусан наҷоти Арал бо Тоҷикистон мавқеи ягона дошта, ҷиҳати тавсеи ин гуна ҳамкориҳо аз тамоми тадбирҳои лозимӣ кор мегирад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






