“Мероси Роҳи Абрешим”
Душанбе, 15 август.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-“Мероси Роҳи Абрешим”- чунин ном гирифтааст Фестивали фарҳангиву сайёҳӣ, ки 31 август дар Боғи Ғалабаи Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонид. Дар асоси қарори мазкур ниҳодҳои масъули шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Хадамоти волонтёрӣ дар хориҷа (VSO)» тадбирҳои мушаххас андешанд. Мавриди зикр аст, ки шаҳрдории Душанбе Фестивали фарҳангиву сайёҳии “Мероси Роҳи Абрешим”-ро бо назардошти муроҷиати ташкилоти ҷамъиятии «Хадамоти волонтёрӣ дар хориҷа (VSO)» аз соати 10:00 то 18:00-и 31 август дар Боғи Ғалабаи Душанбе баргузор менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






