Муҳокимаи масоили мубориза бо бемории вараҷа
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси илмию амалии минтақавӣ оид ба бемории вараҷа баргузор гардид.Мувофиқи суханони раиси Маркази мубориза бо бемориҳои тропикии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Сайфиддин Каримов, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои фавти мардум аз бемории вараҷа мушоҳида нашавад ҳам, вале ин беморӣ барои кишвар ҳанӯз ҳам хавфу хатар дорад. Дар кори конфронс намояндагони хадамоти санитарию эпидемиологӣ, мутахассисони марказҳои мубориза бо бемориҳои тропикӣ аз пажӯҳишгоҳҳои намоёни тадқиқоти илмии кишварҳои Закавказе, Аврупо ва Афғонистон ширкат доштанд.Хотирнишон месозем, ки соли 2010 Барномаи миллии ҷилавгирии бемории вараҷа барои солҳои 2011 – 2015 қабул шуда буд, ки мақсади ниҳоии он иборат аз ҷилавгирии сирояти бемории вараҷа то соли 2015 мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






