Муаррифии афсарони алоқаи ҶИА дар Тоҷикистон
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -26 августи соли 2013 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳайати вазорат ба директори агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров намояндагони ваколатдори ВКД ҶИА, афсарони алоқаи навтаъйинро муаррифӣ намуд, ки онҳо дар асоси «Созишномаи байни мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон ва Тоҷикистон» ва инчунин баҳри амалӣ гардидани қарорҳои қабулшуда ҳангоми вохӯрии роҳбарияти мақомоти зиддимухаддиротии ду кишвар таъйин гаштаанд. Тарафҳо масъалаҳои ҳамкории якҷояи ду мақомотро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ намуданд. Мақсади асосии фаъолияти муштарак- ин пурзӯр намудани муқовимат дар таъмини амният дар ҳудудҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва татбиқи нақшаҳои якҷоя бар зидди гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мебошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти АНМН хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






