Муаррифии лоиҳаи нав дар Душанбе
Душанбе, 2 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе лоиҳаи «Инноватсияҳои иҷтимоӣ барои саломатӣ», ки аз ҷониби созмони ҷумҳуриявии ҷамъиятии «Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон» таҳия гардидааст, муаррифӣ шуд. Лоиҳаи мазкур дар доираи «Барномаи ҷавонони пешсафи Тоҷикистон» таҳррезӣ гардида, онро Оҷонсии амрикоӣ оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ менамояд. Ҳадафи ниҳоии лоиҳаи мазкур таҳкими имконоти шарики барнома- созмони «Занони Шарқ» тавассути омода намудани 21 модераторони намоишгоҳи омӯзишии интерактивии «Хатсайри бехатарӣ дар Тоҷикистон» ва таъмини он бо се маҷмааи намоишгоҳ ҷиҳати расонидани маълумот ба толибилмони дабистонҳои Панҷакент оид ба саломатии репродуктивӣ ва масъалаҳои танзими оила аст. Дар доираи лоиҳа барои тайёр намудани модераторони намоиши интерактивии «Хатсайри бехатар дар Тоҷикистон» тренинги омӯзишӣ, инчунин 6 намоиши интерактивӣ барои толибилмони дабистонҳои Панҷакент, ки 360 нафар иштирокчиёни аз 14 то 17-соларо дар бар мегирад, гузаронида мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






