Мулоқот бо намояндагони БАТР
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- 21 август дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти раиси бонк Абдуҷаббор Ширинов бо Масар Хонма — мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Улф Хиндстром, роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавриди вазифа ва масъалаҳои рӯзмарраи низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории минбаъда дар ин соҳа табодули назар намуданд. Ҳамчунин зимни мулоқоти судманд Масар Хонма, мудири Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ изҳор дошт, ки роҳбарияти бонк барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи муфид дар ҷодаи рушди бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда истодааст. Мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳуми тарафҳо анҷом ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






