Мулоқот бо намояндагони Бунёди ҷаҳонии СММ
Қӯрғонтеппа, 23 август. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – 22 август раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов бо намояндагони Бунёди ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот анҷом дод.Ғайбулло Афзалов зимни мулоқот аҳамияти ҳамкории судманд дар соҳаҳои мухталифро ба таври махсус қайд намуда, зикр кард, ки ин ҳамкорӣ хусусан дар бахши мубориза бо бемориҳои сил, СПИД ва вараҷа вусъат меёбад.Раиси вилоят ҳамчунин зикр намуд, ки алҳол Ҳукумати Тоҷикистон барои роҳандозии тадбирҳои марбут ба ҷилавгирӣ дар мубориза бо бемориҳои мухталиф чораҳои зарурӣ мебинад. Ба гуфтаи Ғайбулло Афзалов, қабули барномаҳои гуногуни миллӣ ба баланд бардоштани сатҳи тансиҳатии аҳолӣ мусоидат мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






