Мулоқоти А. Ширинов бо ҳайати Шӯрои Бонки рушди АвруОсиё

Август 23, 2013 16:58

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов 23 августи соли равон бо ҳайати кории Бонки Рушди АвруОсиё таҳти сарварии муовини Раиси Шӯрои бонки номбурда С.Шаталов, ки чанд рӯз пеш бо сафари хидматӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуд.  Ҷонибҳо дар ҷараёни суҳбати ҷолиб паҳлуҳои гуногуни ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди Бонки Рушди АвруОсиё ва Бонки миллии Тоҷикистон, низоми бонкии мамлакатро муҳокима карданд. Илова бар ин, мусоҳибон дар бораи фаъолияти Хазинаи зиддибуҳронии Бонки Рушди АвруОсиё, имкониятҳои ба сатҳи нав гузаронидани ҳамкориҳо ва дастгирии низоми бонкии мамлакат машварат карданд. А.Ширинов ҳайати меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат ошно намуда, иброз дошт, ки барои зиёд кардани захираҳои қарзӣ ва дар сатҳи зарурӣ дастгирӣ намудани иқтисодиёти кишвар низоми бонкии ҷумҳурӣ ба дастгирии Хазинаи зиддибуҳронии Бонки Рушди АвруОсиё ниёз дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бирлашган Миллатлар Ташкилоти иттилоъ доданд.

Август 23, 2013 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд