Мулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Арабистони Саудӣ
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигариии Арабистони Саудӣ Абдуллатиф ал-Усмонро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ташкилоти минтақавӣ баррасӣ шуд.Изҳори умед карда шуд, ки ҳамоиши нахустини Комиссияи муштараки ду кишвар дар шаҳри Душанбе ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ ба таври назаррас мусоидат менамояд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳоло дар Тоҷикистон аз тариқи Бунёди саудии рушд дар маблағгузории 7 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ саҳм гузоштааст ва созишномаи дигар оид ба вогузор намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 25 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмони мактабҳои миёна низ чанд рӯз қабл ба имзо расид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз заминаи сиёсию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон Арабистони Саудиро ба ҳамкории бештар, аз ҷумла ба иштирок дар татбиқи амалии лоиҳаҳои судбахш дар бахшҳои гуногун даъват намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






