Мулоқоти Э. Раҳмон бо Вазири энергетика, об ва шуғли аҳолии Кувайт
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар»).-Зимни вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири энергетика, об ва шуғли аҳолии Давлати Кувайт Абдулазиз Абдуллатиф ал-Иброҳим, асосан роҳҳои татбиқи амалии санадҳо ва тавофуқоти дуҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.Бо ёдоварӣ аз сафари давлатии Президенти Тоҷикитон ба Давлати Кувайт ва натиҷаҳои умедбахши он изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи амалии санадҳои зимни ин сафар имзошуда ва дигар тавофуқоти муҳим ба нафъи ду давлати дӯст ва мардумони онҳо хизмат хоҳад кард.Абдулазиз Абдуллатиф ал-Иброҳим бо ишора ба таваҷҷуҳи хоси Амири Давлати Кувайт ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба дурнамои робитаҳои судбахши ду кишвар баҳои баланд дод.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






