Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Парвиз Каёни
Душанбе, 30 августа (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Ашраф Парвиз Каёниро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои амнияту мудофиа ва ҳамгироии минтақавии ду кишвари дӯст дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд.Аз пайвастагии робитаҳои сохторҳои низомию амниятӣ ва махсуси ду кишвар ва натиҷаҳои назаррасии ҳамкории онҳо изҳори қаноат карда шуд.Муҳокимаи вазъи Афғонистон ва ҳамгироӣ барои эҳёи амну субот дар ин кишвар низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, аз ҷумла хаттии баландшиддати барқии CASA-1000 ва пайвасти роҳҳои оҳани Тоҷикистону Покистон аз тариқи Афғонистон сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






