Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти нави Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ вориди шаҳри Теҳрон шуд.Пас аз чанд лаҳзаи ба шаҳри Теҳрон расидан Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ мулоқот намуд.Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳасани Рӯҳониро бори дигар ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону Эрон минбаъд таҳкиму густариши бештар пайдо мекунанд.Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва энергетикӣ зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкатҳои эронӣ фаъолияти пурсамар доранд ва раванди воридшавии сармояи мустақими эронӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурии мо рӯй ба густариш дорад.Ҳавасмандии устувор ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ, аз қабили бунёди роҳи оҳан ва кашидани лӯлаҳои оби нӯшокӣ, нафт ва хатти интиқоли нерӯи барқ миёни Тоҷикистону Эрон таъкид гардид.Баррасии масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои илму техника, маориф ва фарҳанг низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонитсон ва ҳамгироӣ дар пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳасани Рӯҳонӣ даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Ҳасани Рӯҳонӣ даъватро бо хушнудӣ пазируфта, таъкид дошт, ки дар наздиктарин фурсати муносиб ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






