Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
Душанбе, 1 август (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Маскав мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид.Дар мулоқот маҷмӯи васеи мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.Тавваҷҷуҳи асосӣ ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҳамчунин ба соҳаҳои энергетика, муҳоҷирати корӣ, маориф, илму техника ва фарҳанг зоҳир карда шуд.Владимир Путин бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки “Русия шарики раќами яки тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз ҳаҷми умумии ҳамкории тиҷоратии хориҷии Тоҷикистон 21 фоизаш саҳми Русия аст”. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки “ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад”.Владимир Путин ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаи маориф баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки “наздики 5 ҳазор донишҷӯёни тоҷик ҳоло дар Русия таҳсил мекунанд ва танҳо соли гузашта беш аз 500 нафар аз ҳисоби буҷети Русия ба таҳсил дар мактабҳои олӣ қабул карда шуд”.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин барои даъват ба Маскав арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки зимни ин мулоқот доир ба масоили гуногуни ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, муҳоҷирати корӣ, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи гумрукӣ ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ тавофуқоти зарурӣ ҳосил мегарданд. Гуфтугӯйи судманд доир ба муҳлати ба тасвиб расондан ва татбиқи босамари санадҳое, ки моҳи октябри соли 2012 зимни сафари расмии Валадимир Путин дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буданд, сурат гирифт. Тавре зикр гардид, дар ояндаи наздик ин масоил бояд ҳалли ниҳоии худро ёбанд.Баррасии дурнамои авзои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Осиёи Марказӣ пас аз соли 2014, яъне пас аз ихроҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши робитаҳои анъанавии ҳамшарикии стратегӣ таъкид доштанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






