Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ян Кубиш

Август 29, 2013 19:11

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубишро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва ҳамгироии байналмилалӣ, пеш аз ҳама дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «Тоҷикистон минбаъд низ мусоидати худро барои таҳкими амнияту суботи иҷтимоию сиёсӣ ва эҳёи иқтисодиёти Афғонистон идома хоҳад дод».Тавре зикр гардид, мусоидати Тоҷикистон дар шакли ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, омодасозии кадрҳои ин соҳаҳо дар кишвари мо ва ҳамчунин тавассути татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию зербиноӣ, аз ҷумла интиқоли нерӯи барқи арзон ба ин кишвар сурат мегирад.Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ва дигар тадбирҳои минтақавии Тоҷикистон ва дигар шарикони он, аз ҷумла доир ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, дигар роҳҳо ва хатҳои нави интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон мавриди дастгирии доимии муассисаҳои байналмилалӣ қарор мегиранд.Ян Кубиш ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақа баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор намуд, ки «Тоҷикистон воқеан ҳамсояи нек ва дӯсти боэътимоди Афғонистон аст».
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 29, 2013 19:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!