Мулоқоти Оқил Оқилов бо Алберто Клементино
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф).- Бегоҳи 21 август Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Сарвазири Мозамбик Алберто Клементино Антонио Ваквина мулоқот анҷом дод. Зимни суҳбат масоили ташкил ва густариши робитаҳо миёни ҳукуматҳои ду кишвар баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки Тоҷикистону Мозамбик метавонанд бештар дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, геология, энергетика ва маориф ҳамкориҳои босамарро ба роҳ монанд. Мавриди зикр аст, ки Сарвазири Мозамбик ҳамкориро дар арсаи маориф дорои дурнамои хуб номид. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамгироӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист сурат гирифт. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳамчунин бо муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария мулоқот намуд.Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ гардиданд. Оқил Оқилов ба Гян Чандра Ачария барои пуштибониҳои доимияш аз ғояҳо ва ибтикороти Тоҷикистон дар бахши об дар минтақа ва ҷаҳон изҳори сипос кард. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масъалаҳои густариши савдо, афзоиши имкониятҳои транзитӣ ва рушди нақлиёти автомобилии байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






