Мулоқоти О. Оқилов бо Жанторо Сотиболдиев
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирўз мулоқоти хоссаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, баргузор шуд.Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои гуногунҷабаҳаи байниҳукуматӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо қарор дошта муҳокима гардид.Баррасии раванди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ҳамзамон дар мулоқотҳои дуҷониба бо иштироки ҳайатҳои васеъ сурат гирифт. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бештари масоили сатҳи минтақа ва ҷаҳонӣ мавқеъ ва назари ягона дошта, имконияти васеи рушду густариши ҳамкориҳоро дар бахши сохтмони роҳҳои оҳану нақлиёт ва кўпрукҳо, хатҳои интиқоли нерўи барқ , истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дигари бузурги муштараки байнидавлатию минтақавиро доро мебошанд. Ҷонибҳо дар музокирот ҳамзамон зарурати тақвият бахшидани кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиро махсус таъкид намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






